бетараҳҳум — [بي ترحم] 1. он ки раҳму шафқат надорад, бераҳм, сангдил, дилсахт: марги бетараҳҳум, фалаки бетараҳҳум 2. бераҳмона, раҳм накарда: бетараҳҳум задан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ваҳшоният — [وحشانيت] 1. ваҳшигӣ, дарандагӣ; бераҳмӣ, зулму бедодгарии беандоза; бо камоли ваҳшоният ниҳоят бераҳмона 2. маҷ. ҷаҳолат, бехабарӣ аз маданияти инсонӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
хунимардумхӯр — [خون مردم خور] золим, ситамгар, бераҳм, он ки дигаронро бераҳмона истисмор мекунад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бедареғ — [بي دريغ] 1. бе ҳайфу афсӯс, бе пушаймонию надомат; раҳм накарда, бераҳмона 2. бидуни музояқа, дареғ надошта, хасисӣ накарда, саховатмандона 3. маҷ. ҷоннисорона, ҷонро дареғ надошта … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вандал — [وندل] лот 1. яке аз қабилаҳои қадимии олмонӣ, ки бо ҷангҳои шадид як қисми императории Римро забт ва сарватҳои мадании онро ғорат ва хароб карда, шаҳри Римро ба оташ кашида буд 2. маҷ. бераҳмона харобкунандаи осори маданият; ҷоҳили гузаро … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вандализм — [وندليزم] лот. бераҳмона несту нобуд ва хароб кардани осори пурқимати маданият ва санъат; ҷоҳилӣ; ваҳшоният … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ваҳшиёна — [وحشيانه] 1. рамида, рам карда; мисли одами ёбоӣ (гурехтан) 2. мисли ҳайвони ваҳшӣ; ба ҳайвони ваҳшӣ хос; дарандавор; бераҳмона; зулму бедодгарии ваҳшиёна; муомилаи наъраи ваҳшиёна, ваҳшиёна нигоҳ кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
золимона — [ظالمانه] ситамгорона, бедодгарона; бераҳмона, ваҳшиёна … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
инквизитсия — [اينکويزتسيه] лот. таър. дар асрҳои миёна маҳкамаи истинтоқкунанда ва ҷазодиҳанда дар калисои католикии Аврупо ва Амрико, ки душманони динро сахт таъқиб ва бераҳмона ҷазо медод … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
марговар — [مرگ آور] 1. он чи бо марг меанҷомад; ҳалокатовар; кушанда: силоҳи марговар 2. маҷ. ба нобудшавӣ боисшаванда, ҳалокатовар, хеле бераҳмона: зарбаи марговар, ҳуҷуми марговар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ